Ссылки доступа

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти "Барқи тоҷик" аст

Назар Одиназода
Назар Одиназода

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик"-ро ислоҳ кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад.

Аммо мақомоти ин ниҳод посух дода натавонистанд, ки чигуна нархи барқ бо 7 дирам барои "Талко" хароҷоти худро мепӯшонад, аммо барои аҳолӣ на.

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 17-уми июл гуфт, "Барқи тоҷик" ва Вазорати энержӣ ба ҳукумат пешниҳод карданд, то барои ба эътидол овардани вазъи молии "Барқи тоҷик" нархи барқ гаронтар карда шавад. Маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи Одиназода, нархи барқ бо қарори ҳукумат барои аҳолӣ гаронтар шуд.

"Вазъи “Барқи тоҷик” беҳбудиро талаб мекунад. Тарифҳои нерӯи барқ, ки барои аҳолӣ ва дигар гуруҳи истеъмолкунандагон амал мекунанд, арзиши аслии онро пӯшонда наметавонад. Барои ҳамин бо сабаби рӯйпуш кардани хароҷотҳои воқеии "Барқи тоҷик" тарифаҳо мунтазам боло бурда мешавад. Ҳама чиз бояд хароҷоти худашро руйпуш кунад. Маблағҳое, ки аз дигар созмонҳо барои беҳбудии соҳаи энергетика ҷалб шудааст, бояд аз ҳисоби муштариён рӯйпуш шавад, на аз ҳисоби буҷети давлатӣ"- афзуд Одиназода.

Аммо муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки чигуна барои корхонаи "Талко" бо 7 дирам барқ дода мешавад ва ин ба пӯшондани хароҷоти тавлиди барқ мусодат мекунад, аммо аҳолӣ бояд 22 дирам пардозад, посухи дақиқ надод. Ӯ гуфт, муайян кардани тарифҳо кори ҳукумат аст.

Корхонаи "Талко" барои ҳар киловат/соат нирӯи барқ дар моҳҳои май-сентябр 7,20 дирам ва дар дигар моҳҳо 11,80 дирам пардохт мекунад. Ин дар ҳолест, ки бо қарори ҳукумат сар аз 1-уми сентябри соли равон нархи як киловат/соат барқ барои аҳолӣ аз 19,37 дирам ба 22,66 дирам боло бурда мешавад. Аммо ин болоравии нархи барқ ба корхонаи алюминийии "Талко" дахл нахоҳад дошт.

Коршиносон борҳост, ки "Барқи тоҷик"-ро ба мудирияти нодуруст ва фасодзадагӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, то замоне, ки ин ду падида дар ширкат ислоҳ нашаванд, боло бурдани нархи барқ марҳаме ба дарди ширкат намешавад. Иддаое, ки масъулини "Барқи тоҷик" борҳо онро рад кардаанд.

Зимнан, дар як соли охир бори дуввум аст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Пештар, моҳи октябри соли гузашта, барқ гарон шуда буд. Дар гузашта масъулони "Барқи тоҷик" гуфта буданд, бо сабаби қарздории калони "Барқи тоҷик" ногузиранд, ки қимати нерӯи барқро боло баранд. Ширкати "Барқи тоҷик" ҳоло беш аз 22 миллиард сомонӣ қарздор мебошад.

XS
SM
MD
LG