Ссылки доступа

Вакили мудофеъ аз бистарӣ шудани духтари президенти пешини Ӯзбекистон хабар дод


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки 10 сол зиндонӣ шудааст, дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар ин бора Грегуар Манжа, вакили мудофеи вай хабар дод.

Вакил мегӯяд, талош кард, ки бо зерҳимояаш мулоқот кунад, аммо мақомот иҷозат надодаанд.

Охири моҳи июн Грегуар Манжа хабар дод, ки вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташ вазнин аст. Моҳи июл вазорати адлияи Ӯзбекистон гуфт, Гулнора Каримова аз хадамоти тиббии зиндон шикоят надорад.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG