Ссылки доступа

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: даъвати севуми Отамбоев. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро бори севум ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар Қазоқистон чанд рӯз аст, ки оташи боғи миллии Баянаулро наметавонанд, хомӯш кунанд. Дар Тоҷикистон кӯдаконеро, ки аз минтақаҳои ҷангии Ироқ баргардониданд, ба таҳсил омода мекунанд (видеои Настоящее время)

- Ахбори Озодӣ аз 18-уми июли соли 2019. Наҷоти кӯҳканҳо аз кони зеризаминӣ, ташхиси камбудӣ дар кори Бонки Миллии Тоҷикистон, нороҳатии мардум аз болоравии нархи нерӯи барқ, шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит ва матолиби дигар (видео)

- Гуфтанд ба мо: Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам. Мо ҳам аз мардум пурсидем, ки дар кадом гуфтаҳ аз бузургон ҳолатии руҳии имруз онҳоро баён мекунад? (видео)

- Муҷозоти се нафар барои "облава"-и хабарнигори Озодӣ. Додситонии шаҳри Кӯлоб "облава"-ро тасдиқ кард (видео)

- Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти "Барқи тоҷик" аст. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик"-ро ислоҳ кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад (видео)

- Марги моҳиҳои Шинг ба фоҷиаи экологӣ монанд аст. Лошаи садҳо моҳии хурду калон дар соҳили дарёи Шинги Панҷекат нигаронӣ ва пурсишҳои зиёдеро ба миён овард, вале сабаби нобудшудани моҳиҳо ҳануз норушан мондааст. Мардуми ин маҳал мегӯянд, оби рӯдхона аз партовҳои корхонаи оҳакпазии Чину Тоҷикистон заҳролуд шудааст (видео)

- Эрон ба Тоҷикистон иҷораи маҷонии бандари Чобаҳорро пешниҳод кардааст (видео)

- Эътирози омӯзгорон. Раҳоӣ аз ҳабси севум - боздошти дигарбора (видео)

- Дар ИМА айбҳои озори ҷинсиро аз Кевин Спейсӣ бардоштанд (видеои Настоящее Время)

- FaceApp чист. Ҷанҷол бо замимаи FaceApp, ки чеҳраи корбаронро "пиртар" ё "ҷавонтар" мекунад, авҷ мегирад. Сенаторҳои амрикоӣ таҳиякунандагони русро бо он айбдор кард, ки барномаи таҳиякардаи онҳо амнияти миллии Амрикоро дар хатар мегузорад (видео аз Директ)

- 50 соли фуруд омадани инсон дар рӯи Моҳ. Кадом маълумоте аз ин рӯйдод воқеист ва кадоми дигар бофта? (видеои Настоящее Время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG