Ссылки доступа

Баҳси Мавлон Қаҳҳоров ва "Тоҷиксодиротбонк" (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: кӣ президенти Туркманистонро "гӯронид". Шоеаи марги президенти Туркманистонро кӣ паҳн кард? Дар Алмато гуруҳи хашини бонувон конфронси ҳомиёни ҳуқуқро ба ҳам зада, ба хабарнигорон ҳамла карданд. Дар Қирғизистон ҷаримаи қоидавайронкуниро дар роҳҳо поин бурданд. (видеои Настоящее Время)

- Баҳси Мавлон Қаҳҳоров ва "Тоҷиксодиротбонк". Пул куҷо шуд? Як соҳибкори тоҷик мегӯяд, ки баъди як созиши қарзи соли 2013 аз ҷониби "Тоҷиксодиротбонк" дар напардохтани наздики 400 ҳазор доллар гумонбар шудааст. Дар ҳоле, ки ӯ, ба гуфтааш, қисми хеле ночизи ин пулҳоро ба даст гирифтааст. (видео)

- Дар Қирғизистон ҷаримаи қоидавайронкуниро дар роҳҳо кам карданд. (видео аз Директ)

- Кӣ сарвазири Украина мешавад? Номзадҳои эҳтимолӣ. (видео аз Директ)

- Дар Алмато гуруҳи хашини занон ҳамоиши ҳуқуқи инсонро ба ҳам заданд. (видео аз Директ)

- Дар Қашқадарё сардори пулис дар ҳавои 50 дараҷа гарм кишоварзонро се соат дар дохили автобус нигаҳ доштааст. (видео)

- Сафари зоирони Каъба оғоз ёфт, харҷ имсол 1800 сомонӣ бештар аст.Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба, се рӯз қабл аз нақшаи муайяншуда, субҳи имрӯз, 22-юми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд (видео)

- Гуфтанд ба мо: "Камбағал пешниҳод дорад, қабул намекунанд". Рӯз ба рӯз ин андеша дар ҷомеаи тоҷик маъмул аст,ки мансабдорон аз мардум фосила мегиранд. Доди мардум ба гуши онҳо намерасад. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз хостаҳо ва пешниходоти мардум ба вазирони тоҷик пурсидем (видео)

- Осиё: солгарди куштори варзишкор Денис Тен. Ҷонибдорони Отамбоев омодаанд, дар сурати ҳамла ба манзили президенти пешин, аз вай ҳимоят кунанд. Мухлисон ва наздикони варзишкори қазоқистонӣ Денис Тен аз ӯ дар солгарди куштораш ёд карданд. Дар Тоҷикистон Палатаи ҳисоб Бонки миллиро дар ғорати маблағҳо айбдор кард (видеои Настоящее время)

- Беҳрӯзҷон куҷо шуд? Дӯстони азиз, додарам Беҳрӯзҷон Ғаффоров аз Қазоқистон ба сӯи Маскав рафт, вале чандин рӯз боз бедарак аст. Ба мо кумак кунед, то ӯро ёбем. Агар ҳар касе ӯро дидааст, ё дар куҷо буданашро медонад, лутфан, ба воситаи ин шумора +77081626800 (Ватсап ва ИМО) хабардор кунад. Ташаккур. Рамазон Ғаффоров (видео)

- Телевизиони Эрон нафткаши бритониёиро нишон дод. Телевизионҳои давлатии Эрон видеоеро намоиш доданд, ки зоҳиран киштии нафткаши Бритониёст, ки дар Бандар Аббос лангар андохтааст. Видеоро рӯзи 20-уми июл намоиш доданд. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки нафткаш меъёрҳо байналмилалии шиноро риоят накард ва ба як қаиқи моҳигирии Эрон бархӯрд (видео)

- Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст. Мақомоти Русия дар як нишасти хос дар Душанбе имрӯ гуфтанд, ки дар як соли ахир шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар афзудааст (видео)

- Миллионҳо сомонии Умед-88-ро ба нерӯгоҳи Роғун додаанд. Хадамоти иҷро мегӯяд, аллакай аз фурӯши амволи ба фурӯшгузоштаи ширкати "Умед-88", ба ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" бештар аз 52 миллион сомонӣ ворид кард.Ҳамчунин аз амволи ин ширкат 22 миллион сомонӣ ба ҳисоби "Амонатбонк" ҳамчун зарари расонида шуда, пардохт гаштааст (видео)

- Раҳбарони се маҳбаси Тоҷикистон иваз шуданд. Дар сохтори марказии Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия тағийрот сурат гирифт. Мирзонабии Холиқзод мегӯяд,ба думболи ду ошӯби маргбор ва ҳалокати 14 зиндонӣ раҳбарони се зиндон нав шуд (видео)

- Дархости кумак барои муолиҷаи Парвиз. Парвизи 11-сола гирифтори бемории саратон мебошад ва барои наҷоти ӯ волидайн дасткӯтаҳанд. Парвиз ба шифо ёфтан умед мебандад. Умеде ки бо кӯмаки афроди хайрхоҳ метавонад бароварда шавад (видео)

- Бештар шудани даъво сари хонаҳои ҷанҷолии соли 1992. Як зани рустабор, ки замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, баъд аз 26 сол ба Душанбе баргашта мехоҳад, хонаашро бозпас бигирад. Татяна Ореховаи 66-сола мегӯяд, баъди бозгашт ба хонааш дар хиёбони Асадулло Ғуломов рафт ва дарҳои онро баста ёфт (видео)

- Як сол бидуни Улан Эгизбоев. Расо як сол пеш арсаи рӯзноманигории Қирғизистон бо марги Улан Эгизбоев талафоти ҷиддӣ дод (видео аз Директ)

- Отабек Умаров, домоди президенти Ӯзбекистон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сарфи назар карда, дар шаҳри Тошканд бо суръати 200 км/соат мошин ронд (видео)

- Сертификати (но)амнӣ? Ширкати мобилии Tele2, KCell, Beeline дар Қазоқистон ба муштариҳо машварат медиҳанд, ки сертификати бехатарӣ насб кунанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG