Ссылки доступа

ИМА дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эътилоф ташкил медиҳад


Госсекретарь США Майк Помпео
Госсекретарь США Майк Помпео

ИМА барои муҳофизат ва роҳбаладии киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эътилофи байналхалқӣ таъсис медиҳад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳадаф боз нигаҳ доштани масири тиҷорат дар минтақа аст. Помпео гуфт, ИМА хоҳони ҷанг бо Эрон нест. "Мо танҳо мехоҳем, ки онҳо фаъолиятҳои террористиашонро дар саросари дунё қатъ кунанд", - афзуд котиби давлатии ИМА.

Вашингтон пештар аз ин дар бораи таъсиси эътилоф хабар дода буд.

Таниш байни Теҳрону Вашингтон баъди он афзоиш ёфт, ки Эрон аз иҷрои қисме аз уҳдадориҳои созишномаи ҳастаӣ хориҷ шуд. Теҳрон баъди он чунин тасмим гирифт, ки ИМА якҷониба аз созиши ҳастаӣ берун рафт ва бархе аз таҳримҳои қаблии иқтисодиро дубора нисбати Эрон ҷорӣ кард.

Баъди он ҳаводис вазъ дар соҳилҳои Эрон муташанниҷ шуд. ИМА ва Арабистони Саудӣ Теҳронро дар ҳамла ба киштиҳои нафткаш дар халиҷи Форсу Уммон айбдор карданд.

19 июл низомиҳои эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз як киштии Бритониёро боздошт карданд. Мақомоти Эрон гуфтанд, киштӣ муқаррароти байналхалқиро вайрон кардааст.

XS
SM
MD
LG