Ссылки доступа

Нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз эҳтимоли сахттар шудани сонсур дар Қазоқистон


Созмони ҳомии ҳуқуқи расонаҳо Committee to Protect Journalists (Кумита оид ба ҳифзи рӯзноманигорон) изҳор медорад, ки дар Қазоқистон дар робита ба ҷоришавии сертификати бехатарӣ эҳтимоли сахттар шудани маҳдудияти озодии баён ё сонсур вуҷуд дорад.

"Ин чораи маъруф ба бехатарӣ талоши сахттар кардани маҳдудияти озодии баён ва бештар кардани таъқибҳо аст. Мақомоти Қазоқистон таҷрибаи чандинсолаи ба зиндон фиристодан, маҳдудсозии озодии баён ва таъқиби рӯзноманигоронро доранд ва ин талоши охир бо баҳонаи ҳифзи шаҳрвандон аз"иттилои хатарнок"-ро бояд бо шубҳа нигоҳ кард", - мегӯяд мудири созмони мазкур Кортни Радш.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, насби "сертификати бехатарӣ" дар ҳамаи дастгоҳҳое, ки ба Интернет васл мешаванд, амнияти иттилоотии шаҳрвандонро таъмин мекунад. Ширкатҳои интернетрасони маҳаллӣ ба корбарон тавсия медиҳанд, ки "сертификати бехатарӣ"-ро насб кунанд, дар ғайри сурат, мумкин аст, пайваст шудан ба интернет мушкил гардад.

Бархе аз коршиносони бахши технологияҳои иттилоотӣ гуфтанд, мақомоти махсуси Қазоқистон тавассути "сертификати бехатарӣ" ба иттилои корбарон - муколамаҳо, рамзҳо, ворид шудан ба сомона ва ғайра - даст хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG