Ссылки доступа

Ду музокироти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ва Чолпон-Ота


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 июл сафари кутоҳеро ба шаҳри Исфара анҷом хоҳад дод.

"Дар ҷараёни гуфтугӯи ҷонибҳо масоили муҳими марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла раванди таъйин ва аломатгузории хати марз баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои наздимарзии ду кишвар ба хотири тақвияти ҳусни ҳамсоядорӣ ва дӯстии мардуми Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад", - гуфт мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Даниёр Сидиқов.

Ба гуфтаи Сидиқов, даври дувуми гуфтугӯҳо дар шаҳри Чолпон-Ота баргузор ва дар он натиҷаҳои мулоқоти Исфара баррасӣ мешавад.

22 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз низоъ сар зад. Ба он амали сокинони Ворух сабаб шуд, ки мехостанд, ба муносибати сафари Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо, дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд. Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромаданд ва ба гуфтаи Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи "Оқсой"-ро насб карданд.

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ як сокини Исфара кушта кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта шуд. Дар рӯзи аввали муноқиша ҳамчунин Расул Шомирсаидзода, як афсари пулиси раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ захм бардошт.

Муноқиша дар Ворух рӯзи 23-юми низ идома кард ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ин рӯз корманди дигараш Фаррух Тошхӯҷаев дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуд. Масъулини ВКД гуфтанд, Тошхӯҷаев аз тири камон ё сочма захмӣ шуд. Ҳамзамон тарафи Қирғизистон иттилоъ дод, ки як марзбонаш дар пайи муноқишаи рӯзи 23-юми июл бо захми тир ба бемористон интиқол дода шуд.

Ҷониби Қирғизистон шумораи захмиҳои худро 17 нафар гуфт, ки 14 тани онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шуданд. Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ шумораи маҷрӯҳони ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи аввали ҳодисаро 10 нафар эълон кард.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG