Омор дар бораи марги сокинони осоишта дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Амрико ахиран гуфтанд, талош мекунанд, ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон хотима диҳанд. Вашингтон талош дорад, 1 сентябр, дар остонаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон, бо ҳаракати "Толибон" ба созиш расад. Интихоботи президентии Афғонистон охири моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.
Ҷанг ҳанӯз идома дорад ва толибон даъвои нисфи хоки Афғонистонро доранд. Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла ва толибонро аз мудирияти он кишвар маҳрум кард.