Ссылки доступа

Сарвазири Ӯзбекистон ба Бишкек меравад


Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон имрӯз, 1 август, ба Қирғизистон меравад. Ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек ҷаласаи байниҳукуматии Ӯзбекистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Мулоқоти пешини Орипов бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев моҳи марти соли гузашта барпо шуда буд. Дар мулоқоти пешин ду вазир "Харитаи роҳ"-и ҳамкориҳоро имзо карданд.

Аз замони сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон, содироти мол ба Қирғизстон панҷ баробар афзудааст. Дар соли 2016 Ӯзбекистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 6 миллион доллар мол интиқол дода буд. Дар соли 2018 ин нишондод ба 350 миллион доллар расид.

XS
SM
MD
LG