Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба соҳибкорони Қирғизистон $100 млн медиҳад


Ӯзбекистон барои пешбурди тиҷорат ба соҳибкорони Қирғизистон 100 миллион доллар қарз медиҳад. Дар ин бора вазири иқтисоди Қирғизистон Санжар Муканбетов хабар дод.

Вазир гуфт, президентҳои ду кишвар дар бораи ин қарз тирамоҳи соли гузаша созиш ҳосил карда буданд.

"Мо пешниҳод кардем, ки ин қарз ба соҳибкороне дода шавад, ки ба коркарди пашму пӯст машғул ҳастанд",- гуфт Муканбетов.

Ҳукуматҳои ду кишвар қасд доранд, гардиши тиҷоратро ба 1 миллиард доллар расонанд. Соли 2018 гардиши мол байни Қирғизистону Ӯзбекистон 340 миллион долларро ташкил додааст.

Дар ҷараёни сафари сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Қирғизистон интизор меравад, дар бахши кишоварзӣ се ҳуҷҷат имзо шавад.

Абдулло Орипов 1 август ба Қирғизистон рафт. Орипов сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Қирғизистон баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG