Ссылки доступа

Сабти 118 ҳолати арусрабоӣ дар Қирғизистон дар ним соли охир


Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон 118 ҳолати арусрабоӣ ё ала качуу сабт шудааст. Дар ин бора сардори хадамоти амнияти ҷамъиятии ВКД Қирғизистон Улан Рисбеков хабар дод.

"Аз ин теъдод 94 ҳолат бо ҳадафи издивоҷ, 12 ҳолат бо ҳадафи маҷбур кардан ба издивоҷ содир шудааст. Бештари парвандаҳои ба додгоҳ ирсол шудаанд", - гуфт Рисбеков.

Намояндаи вазорати корҳои дохилии он кишвар мегӯянд, аксари ҳолатҳои арусрабоӣ дар деҳот сурат мегирад.

Дар шаҳри Бишкек ҳомиёни ҳуқуқ, таърихнигорон ва мақомоти давлатӣ мушкили арусрабоиро баррасӣ ва роҳи ҳалли ин мавзуъро ҷустуҷӯ доранд.

Ба иттилои СММ, 20 дарсади оилаҳо дар Қирғизистон дар натиҷаи арусрабоӣ ташкил шудаанд.

Кодекси нави ҷиноии Қирғизистон ҷазо барои арусрабоиро аз 5 ба 10 соли ҳабс боло бурд. Ба ҷуз ин, ҷарима дар ҳаҷми 200 ҳазор сом (ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ) барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ноболиғонро ба никоҳ маҷбур мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар Қирғизистон иқдоме бахшида ба ёди қурбониёни арусрабоӣ ташкил шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Қирғизистон наметавонанд, аз ҳуқуқи занону духтарон ҳимоят кунанд.

XS
SM
MD
LG