Ссылки доступа

"ОВД-Инфо": дар эътирозҳои Москва беш аз 1000 кас боздошт шудааст


ИМА ва Иттиҳоди Аврупо саркӯби эътирозҳои Москваро ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мустақил дар маҷлиси шаҳрӣ маҳкум ва раҳоии боздоштшудаҳоро талаб карданд.

"Мақомоти Русия маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба изҳори назари худ тавассути интихоботи одилонаву шаффоф ва ташкили ҷамъомади осоиштаро, ки Конститутсияи ин кишвар кафолат додааст, идома медиҳанд. Мақомоти рус 3 август ба амале даст заданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барои иштироки ҳамаҷониба дар раванди демократисозӣ нақз мекунад", - гуфт сухангӯи сафорати ИМА дар Москва.

Масъули Бахши умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо Майя Котсянчич гуфт, иттиҳод аз Русия раҳоии фаврии 600 эътирозгари боздоштшударо мунтазир аст. Вазири умури хориҷии Шветсия Маргот Валстрём аз Москва даъват кард, ки номзадҳои мустақилро ба интихобот роҳ диҳад.

Ахиран Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки дар ҷараёни эътирозҳои 3 август 600 касро боздошт кардааст. Сомонаи "ОВД-Инфо" шумори боздоштшудаҳоро 1001 кас номид. Ин сомона пештар аз боздошти 828 кас хабар дода буд. Бештари онҳоро аллакай раҳо кардаанд, вале рӯзи якшанбе 19 тан дар шуъбаи пулис буданд.

Эътирозҳо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мустақил дар интихоботи маҷлиси Москва ҳудуди як моҳ мешавад дар пойтахти Русия идома доранд. Комиссияи марказии интихоботи Русия тақрибан ба тамоми ҷонибдорони мухолифони сиёсӣ Алексей Навалний ва Дмитрий Гудков, бештари номзадҳои Ҳизби "Яблоко" иҷозат надоданд, ки дар интихобот иштирок кунанд. Бузургтарин тазоҳурот дар Москва 27 июл баргузор шуд, ки дар ҷараёни он 1300 касро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG