Ссылки доступа

Сарашро буриданду Ироқ бурданд. Ҳафриёт дар Кохи Деваштич (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Сокинони Арис: дар кӯча хобем, мақомот хонаҳоро таъмир накардаанд. Моҳи июн дар шаҳраки низомии наздики Арис дар анбори аслиҳа таркиш рух дод. 85% хонаҳо зарар дида буданд (видео аз Директ)

- Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон камтар андоз супурдаанд. Ин вазъ Кумитаи андозро нороҳат кардааст (видео)

- Сарнавишти 18 зиндонии тоҷик дар аксҳо. Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксари маҳбусони собиқ зиндагии пур мушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад монда, чун одамони "навъи дувум" шинохта мешаванд (видео)

- Сарашро буриданду Ироқ бурданд. Ҳафриёт дар Кохи Деваштич. Дар канораи шаҳри Панҷакент ҳафриёти Қасри Деваштич, афшин ва ё ҳокими Суғд шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи таърихнигорон, Деваштич аз охирин ҳокимони Суғд дар соли 722 мелодӣ бар зидди нерӯҳои араб бархост, вале дар ниҳоят сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба халифаи араб ба Бағдод фиристоданд (видео)

- Афтода оташ гирифт. Ҷузъиёти суқути ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод. Додситонӣ ба таҳқиқи суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ кардааст, ки як кушта барҷой гузошт. Мақомот мегӯянд, ин ҳавопаймои таълимӣ ҳангоми фуруд омаданд ба замин бархӯрда, оташ гирифтааст (видео)

- Вазир мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард (видео)

- Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуд. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷум ва ниҳоии қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барои аввалин бор дар ин мусобиқот ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид (видео)

- Чаро ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудааст? Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад (видео)

- Озодӣ Онлайн: "Агар камбағал мебуд, "говсуд" мекарданд" (видео)

- Ягона хосписи кӯдакона дар Қазоқистон маблағ надорад, ки кӯдаконро бо ғизо таъмин кунад (видео аз Директ)

- Осиё: Ариси хароба ва бидуни бомпӯш. Шаҳри Ариси Қазоқистон ҳанӯз ҳам дар ҳолати хароб қарор дорад: мақомот ваъда кардан буданд, ки давоми як моҳ хонаҳои харобшударо таъмир мекунанд, аммо коре накардаанд. Роскомнадзор дар Русия сомонаи машҳури русзабони Тоҷикистон "Азия плюс"-ро маҳдуд кард (видеои Настоящее время)

- Озмун дар донишгоҳ – 1,2 одам барои як курсӣ ва дигар вижагиҳои шомилшавӣ (видео)

- Дастури Шавкат Мирзиёев барои муҷозоти ҳокимоне, ки ба сиёсати вай хиёнат кардаанд (видео)

- «Модар ҳангоме ба кор меравад, ки мо хобем». Кӯдакон дар фақиртарин минтақаҳои Бишкек чи рӯзгоре доранд (видео)

- Эътирози Москва. ОМОН ва одамон. Дар эътирози ғайриқонунии рӯзи 3 август дар Москва пулис ва ОМОН бештар аз 800 одамро боздошт карданд. Иқдоми эътирозӣ бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи думаи Москва қариб як моҳ аст, ки идома дорад (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG