Шаш корманди вазорати ҳолатҳои фавқулода, ки дар ин парванда гумонбар мешаванд, рӯзи 31 июл аз ҳаққи хориҷ шудан аз Қирғизистон маҳрум шудаанд.
Бархе аз расонаҳо менависанд, дар доираи парвандаи мазкур 100 корманди вазорати ҳолатҳои фавқулода бозпурсӣ шудааст.
Ҳавопаймои борбари "Боинг-747-400" субҳи 16 январ соати 7:20 дақиқа дар наздикии фурудгоши "Манас"-и Бишкек суқут кард. Ин ҳавопаймо дар масири "Гонконг-Бишкек-Истамбул" парвоз дошт.
Пештар ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ мехост фуруд ояд. Аммо ширкати ACT Airlines - соҳиби ҳавопаймо хабар дод, ки он барои холӣ кардани бораш (телефонҳои мобилӣ) бояд дар Бишкек фуруд меомад.
Дар пайи суқути ҳавопаймо 38 одам, аз ҷумла 34 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Туркия кушта шуд.