Ссылки доступа

Кай ихроҷи ноодилонаи муҳоҷирон аз Русия хотима меёбад? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми августи соли 2019. Халокати шаш тоҷик дар садамаи Рязан, нархи либоси мактабӣ, оғози маросими ҳаҷ, ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷион дар Русия ва ҳафриёт дар Панҷакент. (видео)

- Даъвои Азиза барои хона дар Душанбе. Тахриби як бино дар маркази Душанбе бори дигар баҳси нобоварӣ ба ширкатҳои сохтмониро ба миён гузошт. (видео)

- Кай ихроҷи ноодилонаи муҳоҷирон аз Русия хотима меёбад? Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд додгоҳҳо дар Русия парвандаҳои марбут ба ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд ва дар асл додрасҳо бидуни баррасӣ ҳукми ихроҷро содир мекунанд. Соли гузашта ба ҳамин шева ҳудуди 130 ҳазор нафар муҳоҷиронро бидуни баҳсу баррасӣ аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд (видео)

- 450 сомонӣ барои омода намудани як хонанда ба соли нави хониш. Ба қавли волидон 450 сомонӣ барои омода намудани як хонанда ба соли нави хониш зарур аст (видео)

- Арабистони Саудӣ ба қабули як миллиону шашсад ҳазор ҳоҷӣ омода аст(видео)

- Сокинони Арис: дар кӯча хобем, мақомот хонаҳоро таъмир накардаанд. Моҳи июн дар шаҳраки низомии наздики Арис дар анбори аслиҳа таркиш рух дод. 85% хонаҳо зарар дида буданд (видео аз Директ)

- Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон камтар андоз супурдаанд. Ин вазъ Кумитаи андозро нороҳат кардааст (видео)

- Сарнавишти 18 зиндонии тоҷик дар аксҳо. Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксари маҳбусони собиқ зиндагии пур мушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад монда, чун одамони "навъи дувум" шинохта мешаванд (видео)

- Сарашро буриданду Ироқ бурданд. Ҳафриёт дар Кохи Деваштич. Дар канораи шаҳри Панҷакент ҳафриёти Қасри Деваштич, афшин ва ё ҳокими Суғд шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи таърихнигорон, Деваштич аз охирин ҳокимони Суғд дар соли 722 мелодӣ бар зидди нерӯҳои араб бархост, вале дар ниҳоят сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба халифаи араб ба Бағдод фиристоданд (видео)

- Афтода оташ гирифт. Ҷузъиёти суқути ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод.Додситонӣ ба таҳқиқи суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ кардааст, ки як кушта барҷой гузошт. Мақомот мегӯянд, ин ҳавопаймои таълимӣ ҳангоми фуруд омаданд ба замин бархӯрда, оташ гирифтааст (видео)

- Вазир мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард (видео)

- Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуд. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷум ва ниҳоии қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барои аввалин бор дар ин мусобиқот ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид (видео)

- Чаро ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудааст? Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад (видео)

- Дастури Шавкат Мирзиёев барои муҷозоти ҳокимоне, ки ба сиёсати вай хиёнат кардаанд (видео)

- «Модар ҳангоме ба кор меравад, ки мо хобем». Кӯдакон дар фақиртарин минтақаҳои Бишкек чи рӯзгоре доранд (видео)

- Эътирози Москва. ОМОН ва одамон. Дар эътирози ғайриқонунии рӯзи 3 август дар Москва пулис ва ОМОН бештар аз 800 одамро боздошт карданд. Иқдоми эътирозӣ бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи думаи Москва қариб як моҳ аст, ки идома дорад (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG