Ссылки доступа

Forum 18: "Шамил Ҳакимов барои боварҳои диниаш муҳокима мешавад"


Муҳокимаи як узви 68-солаи созмони «Шоҳидони Яҳво», ки фаъолияташ аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст, рӯзи 20-уми август дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома мекунад. Шамил Ҳакимов ба «барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ» муттаҳам аст. Худи ӯ иттиҳомро рад мекунад.

Шамил Ҳакимов рӯзи 26-уми феврали имсол дастгир шуд. Вайро барои пахши адабиёти динӣ ва нигаҳ доштани аксу видео ва наворҳои савтии дорои хусусияти «ифротгароӣ» дар компютер ва телефони мобилӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Созмони Forum 18, қароргоҳаш дар Норвегия, рӯзи ҳафтуми август дар гузорише гуфт, баррасии парвандаи Шамил Ҳакимов ба хотири фароҳам кардани тарҷумони русӣ барои айбдоршаванда то рӯзи 20-уми август ба таъхир гузошта шуд. Бар асоси иттиҳоме, ки алайҳи Ҳакимов эълон шудааст, ӯро аз 5 то 10 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Дар қазияи Шамил Ҳакимов аз Инҷиле ҳам ёдоварӣ шудааст, ки соли 2016 мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон онро ташхис карда буданд. Ин китобро Пажӯҳишгоҳи тарҷумаи Библия (Institute for Bible Translation) баргардон кардааст. Гузориши "Форум 18" мегӯяд, ташхис аз сӯи се имомхатиби маҳаллӣ бо дархости мақомоти тоҷик сурат гирифта буд.

Ин имомхатибон ва Кумитаи дин ба ин натиҷа расидаанд, ки "китоб бо ҷомеаи мусалмонони ҳанафӣ мутобиқат намекунад ва «тавзеи он боис ба тафриқа ва сабаби нофаҳмиҳо мешавад».

Мудири Шӯъбаи дини вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, чунин санҷиш аз сӯи гурӯҳи мутахассисони ин ниҳод анҷом шуда буд. Вай гуфт, тафсилоташро баъдан шарҳ хоҳанд дод.

Созмони Forum 18 аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов нигаронӣ кардааст. Гузориши "Форум 18" ба нақл аз "Шоҳидони Яҳво" мегӯяд, Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт, пояшро ҷарроҳӣ карда буд.

Тибқи ин гузориш, «мақомоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Суғд борҳо Ҳакимов ва аъзои дигари ин гурӯҳро даъват намуда, соатҳо бозпурсӣ кардаанд». "Шоҳидон Яҳво" гуфтаанд, ки чунин бозпурсиҳо то моҳи май идома кардааст.

Гузориш мегӯяд, аз ҷумла, рӯзи 1-уми феврали имсол масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ Ҳакимовро ба бозпурсӣ даъват намуда ва ба муддати 8 соат суолу ҷавоб намуданд ва дар бораи сохтори ин гурӯҳ пурсиданд. "Шоҳидони Яҳво" шикоят кардааст, ки мақомот ба Ҳакимов иҷоза надоданд, дар ин муддат кумакҳои ҳуқуқӣ гирад.

Ин гузориш мегӯяд, Ҳакимов дар моҳи феврал ба додситонии вилояти Суғд дар бораи таҳдид аз сӯи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил муроҷиат кард, аммо шикояти ӯ нодида гирифта шуд. Дар ниҳоят ӯ рӯзи 26-уми феврал дастгир шуд ва то ба ҳол дар боздошт ба сар мебарад.

Назари мақомот дар мавриди ин гузориши нави Forum 18 то ба ҳол маълум нест. Аммо мақомот дар вилояти Суғд қаблан бозпурсӣ ва шиканҷаи пайравони "Шоҳидони Яҳво" дар шимоли Тоҷикистонро рад карда буданд.

Ин бори аввал нест, ки пайравони ин гурӯҳи динӣ дар курсии айбдорӣ менишинанд. Қаблан додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон як сарбози 18-солаи пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро ки мегуфт, ба далели боварҳои диниаш либоси низомӣ намепӯшад, ба шаш моҳи зиндон маҳкум кард.

Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Вале мақомот мегӯянд, шароит барои фаъолияти пайравони ҳамаи динҳо муҳайёст.

XS
SM
MD
LG