Ссылки доступа

Роҳбари Қазоқистон ҳаводиси Қирғизистонро "кори дохилии он кишвар" номид


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳаводиси ахири Қирғизистонро "кори дохилӣ"-и ин кишвар арзёбӣ кард.

Дар ин бора Берик Курмангалӣ, сухангӯи президент дар саҳифаи Фейсбук хабар дод. Дар хабар омадааст, ки Тоқаев ҳаводиси Қирғизистонро пайгирӣ дорад ва умедвор аст, вазъ ба зудӣ муътадил шавад.

Шаби 7 август неруҳои махсуси мақомоти Қирғизистон ба манзили Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон бо мақсади ҳозир кардани вай ба бозпурсӣ, ҳамла бурданд. Аммо ҷонибдорони Отамбоев ба ҳамлаи неруҳои махсус муқовимат нишон доданд. Дар натиҷа шоми рӯзи 8 август мақомот бори дувум ҳамла бурданд ва ин бор Отамбоев таслим шуд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 7 август як низомӣ кушта, 52 тани дигар захмӣ шуданд.

Отамбоев дар соли 2017, замони президентиаш мақомоти Қазоқистонро танқид карда буд. Вай роҳбарияти Қазоқистонро дар дахолат ба умури дохилии Қирғизистон айбдор ва президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро "диктатори куҳансол" номид.

XS
SM
MD
LG