Ссылки доступа

Анҷумани кишварҳои назди Хазар дар Туркманистон шуруъ мешавад

Турманистон ба баргузории нахустин Анҷумани иқтисодии Каспий (Хазар) омода мешавад.

Дар минтақаи сайёҳии "Овоза", ки 12 август анҷуман он ҷо баргузор хоҳад шуд, рӯзи якшанбе намоишгоҳи абзорҳои навоваронаи "Туркман саҳро - 2019" ба кор оғоз кард. Ҳамчунин 11 август сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Туркманистон омад.

Қарор аст, Медведев бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кунад. Намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Русия, Қазоқистон, Эрон, Озорбойҷон ва кишварҳои дигари наздик ба Хазар ба анҷуман даъват шудаанд.

Нахустин Анҷумани иқтисодии Хазар дар ҳоле баргузор мешавад, ки президенти Туркманистон баъди ғойиб будани тӯлонӣ ҳафтае пеш дубора дар пардаи телевизион пайдо шуд. Нопайдоии президент овозаҳоеро дар бораи марги вай ба бор овард.

XS
SM
MD
LG