Дар хиёбони Сахарови пойтахти Русия 10 август бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ тазоҳуроти боиҷозат баргузор шуд. Эътирозгарон ҳамчунин хостанд, парвандаҳое, ки зидди иштирокдорони тазоҳуроти беиҷозати 27 июл боз шудааст, қатъ шаванд.
Ба иттилои "Ҳисобкунаки сафед", дар эътирозҳо ҳудуди 60 ҳазор одам иштирок доштанд. Вале пулис шумори эътирозгаронро 20 ҳазор номид.
Дар шаҳри Петербург ба ҷонибдорӣ аз тазоҳургарони Москва эътирози беиҷозат баргузор шуд. Бархе аз фаъолон гуфтанд, эътирози инфиродӣ баргузор мекунанд ва он ба иҷозат ниёз надорад.
Дар Москва аз 14 июл ба ин сӯ ҳамоишҳои эътирозии оммавӣ идома доранд. Дар ҳоли ҳозир 13 кас ба ташкили "бетартибии оммавӣ" ва "хушунат нисбат ба кормандони пусли" айбдор мешаванд.