Ссылки доступа

Сокинони Ҳонконг даҳ ҳафта бидуни таваққуф эътироз доранд


Дар Ҳонконг рӯзҳои шанбеву якшанбе бо талаби ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани мақомоти маҳаллӣ ва қатъи хушунати пулис эътироз баргузор шуд.

Ҳазорон сокини Ҳонконг ҳафтаи даҳум аст, ки зидди сиёсати чингароёнаи мақомоти маҳаллӣ эътироз доранд.

Пулис рӯзи 11 август барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар кор гирифт. Дар ҳамин ҳол, дар фурудгоҳи байналхалқии Ҳонконг эътирози серӯзае таҳти шиори "Озодӣ ба Ҳонконг" идома дошт.

Чин эътирозҳои Ҳонконгро шадидан маҳкум кард. Мақомоти Чин ба ширкатҳои Ҳонконг фишор оварданд, ки онҳо дар навбати хуб нисбат ба коргароне чораҷӯӣ кунанд, ки дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат доранд.

Ҳонконг ҳеч гоҳе давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

XS
SM
MD
LG