Ссылки доступа

"Тарроҳ"-и ошӯб дар зиндони Хуҷанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон Амиралӣ Давлатовро, ки яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд ном бурда мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Аммо ӯ дар дидор бо ҳамсараш гуфтааст, ки ин ҳукм ноодилона аст.

Манобеи мо гуфтанд, ки ҳукми Давлатов ва 32 нафар аз гумонбарони дигари ошӯб охири моҳи июл содир шуд. Баъзеҳо ба муддати тӯлонии зиндон, бақия ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва ҳукмҳо расман эълон нашудаанд.

Рӯзи 13-уми август дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз шарҳи ҳукм худдорӣ карданд.

Оқиламоҳ Давлатова, ҳамсари Амиралӣ Давлатов, рӯзи 13-уми август гуфт, панҷ рӯз пеш бо шавҳараш вохӯрда, тафсилоти ҳукми додгоҳро аз ӯ шунидааст. Давлатов ба ҳамсараш гуфтааст, "аз ҳукм розӣ нест ва аз рӯи он шикоят мекунад."

"Шаби ошӯб ману се фарзандам дар утоқи мулоқот дар зиндони Хуҷанд бо ҳамсарам будем. Воқеан, дар бораи ҳодиса чизе намедонист. Агар медонист, моро ба мулоқот даъват мекард ва мехост барояш либоси зимистона барем?" -- суол гузошт Оқиламоҳ Давлатова.

Таҳқиқи парвандаи Амиралӣ Давлатов ва 32 нафари дигари муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Хуҷанд бо иштироки чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Парвандаи онҳоро баҳори имсол барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода буданд.

Қаблан яке аз манобеи огоҳ аз парванда гуфта буд, ки "Амиралӣ Давлатов яке аз ташкилкунандагони ошӯб дар зиндони Хуҷанд аст ва барои ин кор чаҳор моҳ омодагӣ дидааст".

Номи Давлатов барои матбуот ошност. Вай шаш сол пеш ҳамроҳ бо Алимурод Маханов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми "омодагӣ ба тарконидани бинои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон" дастгир ва ба муддати 19 сол зиндонӣ шуда буд.

Дар бораи ҳукми муттаҳамони дигари ошӯб дар зиндони Хуҷанд иттилои зиёд дар даст нест. Ҳимоятгарони онҳо аз суҳбат дар бораи парванда худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бар асоси санаде, ки имзо кардаанд, ҳақ надоранд, ҷузъиёти додгоҳ ва парвандаро ошкор кунанд.

Яке аз иштирокдорони мурофиа бе зикри номаш рӯзи 13-уми август гуфт: "Бисёриашон аз 14 то 23 сол ҳукм гирифта буданд. Ҳукмҳои нав дар робита ба ошӯб муҳлати дар зиндон мондани онҳоро бештар кард. Бархе ҳабси якумрӣ шуданд."

Мусоҳиби мо дақиқ нагуфт, ки чанд нафар ҳукми абад гирифтаанд, аммо бино бар гуфтаи наздикони маҳкумшудагон чунинҳо 3 ва 4 нафар шумурда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Рафоат Бобоева, сокини шаҳри Истаравшан, хабар дод, ки писараш Умедҷон Рофиеви сисола бо айбномаи ширкат дар ошӯб ҳукми абад гирифтааст. Мақомот ӯро ҳамчунин ба қатли кормандони маҳбас гунаҳкор кардаанд. Ин ҷавон соли 2016 бо иттиҳоми талоши пайвастан ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 19 соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд нӯҳ моҳ гузашт. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯби шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018-ро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.

Дар ин ҳодиса ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфтаанд, ки бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст. Пештар намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот тақозо карданд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG