Ссылки доступа

Хатари селфароӣ интиқоли обро ба се шаҳраки Алмато қатъ кард


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон баъди эъломи хатари селфароӣ дар шаҳракҳои Қарагайлӣ, Таусамалӣ ва Курамис интиқоли оби ошомиданӣ қатъ шуд. Дар ин бора 15 август расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Дарёи Қарагайлӣ манбаи ягонаи оби ошомидании ин се шаҳрак аст, менависанд расонаҳо. Ба гуфтаи мақомоти Алмато, дар ҳоли ҳозир оби дарё гилолуд буда, то соф шудани он ба шаҳракҳои мазкур бо мошин об мекашонанд.

Субҳи 14 август мақомоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Алмато гуфтанд, хатари рахна шудани дарёи Қарагалӣ мавҷуд аст. Аммо баъдтар хатар рафт шуд.

XS
SM
MD
LG