Ссылки доступа

Додситони кулли пешини Қирғизистон ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба ҳабси хонагӣ иваз ва аз боздошт озод кард.

Ба гуфтаи хоҳари Салянова -- Чинора Турдалиева, қарори додгоҳ дар ин замина 15 августи соли равон содир шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, Саляноваро 15 август барои бозпурсӣ аз боздоштгоҳ ба Хадамоти тафтишотии вазорат бурдаанд ва ӯ онҷо гуфтааст, ки омодааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад ва бинобар ин, ҳукми боздошти вай ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шудааст.

Зидди Салянова бар асоси банди "коррупсия" ва баёноти додситони махсуси пешин парванда боз кардаанд.

Аида Салянова 3 июн дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуд. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро бо додситони пешини низомӣ Майрамбек Акматалиев ва муовини пешини додситони кулли ин кишвар Людмила Усмонов рӯбарӯ карданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки Саляноваро боздошт кунанд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Пештар Салянова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз озод шудани Батукаев замоне хабар ёфт, ки ӯ аллакай аз Қирғизистон берун рафта буд.

XS
SM
MD
LG