Ссылки доступа

Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шуданд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Дар Бухоро нозири умури фаҳмондадиҳие, ки барои таъмири бинои шуъбаи пулис натавонист сармоягузор пайдо кунад аз мақом барканор шуд. (видео)

- Собиқ сухангӯйи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба муддати 15 сол зиндонӣ шуд (видео)

- Гуфтугӯ бо Мансур, овозхони машҳури эронӣ дар Душанбе. Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати ихтисосӣ кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардаст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд (видео)

- "Облава"-и муҳоҷирон дар бозори Маскав. "Облава"-и муҳоҷирон дар бозори Маскав . Гузориш бар пояи наворҳои муҳоҷирон таҳия шудааст (видео)

- Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шуданд? Чаҳор узви як оила аз деҳаи Пистамазори Кӯлоб рӯзи 7-уми август заҳролуд шуданд. Раҳмоналии 16-сола ҳамон рӯз ва хоҳари 19-солааш баъд аз се рӯз фавтид. Модари 41-солаи хонавода ва фарзанди 15-солаи ӯ Эмомалӣ дар бемористон ҳастанд. Табибон мегӯянд, умедворанд модару писар зинда мемонанд (видео)

- Воридоти чорво аз боҷ озод шуд. Гӯшт кай арзон мешавад? Мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи август воридоти чорво ва хӯроки онро аз андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва боҷи гумрукӣ озод кардаанд. Ин тасмим бо ҳадафи коҳиши нархи гӯшт дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Вале ба гуфтаи коршиносон, муҳлати дарозе даркор аст, ки татбиқи қарор ба нарх таъсир кунад. (видео)

- Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд (видео)

- Додгоҳи Маскав шикояти Самариддин Раҷабовро баррасӣ мекунад (видео)

- Зидди Отамбоев айбҳои нав эълом карданд. (видео аз Директ)

- «Мунтазир бимонем, ки кай рӯзноманигоронро мекушанд?». Вакили дифоъ Айман Умарова аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват дорад, ки парвандаи ҳамла ба рӯзноманигоронро зери назорат қарор диҳад. (видео)

- 20 соли ҳукумати тағйирнаёбанда. Аз рӯзи сари қудрат омадани Владимир Путин дар Русия, 20 сол гузашт. Он замон президенти вақти Русия Борис Елтсин ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва мудири ФСБ Владимир Путинро иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин кард. Чи гуна як корманди ноошнои ФСБ ба як сиёсатмадори таъсиргузортарини дунё табдил шуд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG