Ссылки доступа

Сокинони Қазоқистон дар эътироз ба тахриби хонаҳояшон таҳдид ба худкушӣ карданд


Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон ду сокини маҳаллӣ зидди тахриби манзилҳои зисташон даст ба эътироз заданд.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук 15 август ду навор нашр шуд. Дар яке аз онҳо сокини маҳаллие дар болои бом таҳдид дорад, ки агар хонаашро тахриб кунанд, балони газро метарконад. Дар маҳалли ҳодиса кормандони пулис низ ҳузур дошта, масъули шаҳрдории Туркистон аз мард мехоҳад ба замин фарояд.

Дар навори дувум зане таҳдид мекунад, ки дар эътироз ба тахриби хонааш рагҳои дасти худро хоҳад бурид.

Шаҳрдории Туркистон гуфт, наворҳои нашршуда 14 август сабт шудаанд. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, хонаҳои сокинони мазкур 25 миллион танга (ҳудуди 65 ҳазор доллар) баҳогузорӣ шуда, заминҳои онҳо бо қарори додгоҳ ба нафъи давлат мусодира ва хонаҳо бояд тахриб мешуданд. Вале соҳибони хона аз ҳаҷми ҷубронпулӣ норозӣ буданд.

"Сокинон ором шуданд. Ҳар ду оиларо ба ҷои дигар кӯчониданд. 15 август хонаҳо тахриб карда шуданд", - гуфт сухангӯи шаҳрдорӣ.

XS
SM
MD
LG