"Ҳамакнун қурби сӯмро харидорону фурӯшандагон муайян мекунанд. Ин зарурати иқтисодӣ аст", - гуфт раиси Бонки марказии Ӯзбекистон Мамаризо Нурмуратов.
Бонки марказии он кишвар ҳамчунин рӯзи сешанбе ба бонкҳои тиҷорӣ иҷозат дод, ки асъори хориҷиро ба таври нақди ба фурӯш бароранд. То рӯзи 20 август дар бонкҳои Ӯзбекистон мумкин буд, асъори хориҷӣ фурӯхт, аммо бонкҳо иҷозаи ба мизоҷон фурӯхтани асъори хориҷиро надоштанд.
Дар бозорҳои молии Ӯзбекистон рӯзи 20 август 1 доллари ИМА 9384 сӯм табодул мешуд. Ҳамакнун 1 доллари ИМА 9350 табодул мешавад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ибтидои моҳи ҷорӣ дар Ӯзбекистон 1 доллари ИМА 8760 сӯм қурб дошт. Давоми чанд ҳафтаи охир арзиши доллар якбора боло рафт.
Бонки марказии Ӯзбекистон гуфт, ба он хотир назорати қурби сӯм бекор шуд, ки истеҳсолгарони ӯзбекистонӣ наметавонистанд, дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ рақобатпазир бошанд.