Сухангӯи Хадамоти ёрии изтирории Испания гуфт, ҳудуди 100 сокини як деҳаро натавонистанд, сари вақт ба ҷои амн интиқол диҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани онҳо хеле хатарнок буд.
Сӯхтор ба боғи табиии Тамадаба, дар шимолу ғарби ҷазира низ расидааст. Шамоли сахт ва ҳарорати гармии ҳаво хомуш сохтани сӯхторро мушкил мегардонад. Баландии алангаи оташ дар баъзе аз ноҳияҳо то ба 50 метр мерасад.
Ҷазираи Гран-Канария яке аз маконҳои дустдоштаи сайёҳон шумурда мешавад. Соли гузашта13,5 миллион нафар аз он боздид карда буданд.