Бар асоси қонунгузории Русия, ба "рӯйхати сиёҳ" онҳое ворид мешаванд, ки бидуни иҷозат зиндагӣ ё кор мекунанд ва ҳамчунин қоидаҳои дигари будубош дар Русияро риоя нахоҳанд кард. Ин гуна муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шуда, ҳаққи вуруд ба он кишварро ба муҳлати 5 сол надоранд.
Пештар сафири Қирғизистон дар Москва Аликбек Ҷекшенқулов гуфта буд, ки дар Русия 1,2 миллион қирғизистонӣ ба сар мебаранд ва 500 тани онҳо шаҳрвандии он кишварро доранд.