"Ҷасадро ба маҳзи овардан ба манзили волидонаш, ба хок супурданд. Аз наздикони сарбоз забонхат гирифтанд, ки ин ҳодисаро оммавӣ намекунанд", - гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Овезалӣ Экаев се моҳ пеш ба хизмати сарбозӣ даъват шуда ва аз сиҳатиш шикояте надошт. Мақомоти ҳарбӣ сабабҳои марги сарбозро ба волидонаш шарҳ надодаанд. Аммо наздикони сарбоз мегӯянд, вай бар асари шиканҷа кушта шудааст.
Дар як моҳи охир ин дувумин сарбоз аст, ки дар артиши Туркманистон кушта мешавад.