Ссылки доступа

Ҷузвдон ба ҷои халтаи гадоӣ. Лӯлиён дар Тоҷикистон ба мактаб мераванд (видео)


Дети из племени люли готовятся к школе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:07 0:00

Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон мехоҳад, ки лӯлиён ё ҷӯгиҳои кишварро пурра ба мактаб ҷалб кунад. Лӯлиён асосан ба талбандагӣ машғуланд ва аз таҳсил худдорӣ меварзанд.

Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар синфхонаҳои махсус барои таълими лӯлиён амал мекунад. Дар он намояндагони синнашон гуногуни қавми ҷӯгӣ аз синфи як то чаҳорум мехонанду бас. Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон хостаанд, барои таҳсили ҷӯгиён шароити муносиб фароҳам оварад. Мақомот мегӯянд, шароит барои таҳсили лӯлиён ҳамчун ақаллияти миллӣ фароҳам аст, вале худи онҳо ҳавсалаи хондан надоранд. Инчунин, ба қавли мақомот, лӯлиён барои фарзандони худ шаҳодатномаи таваллуд намегиранд ва ин ҷалби онҳоро ба мактаб мушкил мекунад.

Фариштаи 10-сола аз қавми лӯлиён аст ва имсол бори аввал ба мактаб меравад. Ин сокини деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб ним моҳ боз барои таҳсил омодагӣ мегирад. Ҳамсолони Фаришта ба синфи севум мераванд, вале ӯ акнун навиштани рақам ва талаффузи ҳарфҳоро машқ мекунад.

Ин наврас, ки либосу ҷиҳози мактабияшро бо шавқ намоиш медод, гуфт, мехоҳад дар оянда пизишк шавад.

Фарида Шарбатова, модари Фаришта, ки боре ҳам ба мактаб нарафта ва хатту савод надорад, аз омодагии духтараш ба таҳсил хушҳол аст. Ӯ рӯзи 21-уми август гуфт, аз ин ки духтарашро дар ҳафтсолагӣ ба мактаб нафиристод, "пушаймон аст, чун ӯ метавонист дар се сол ҳисобу китобро аз худ кунад".

Ин назари як хонавода аз қавми лӯлиён аст. Коршиносон мегӯянд, шикасти қолабе, ки солҳои дароз амал кардааст, яъне табдили халтаи гадоӣ ба ҷузвдон кори саҳлу содда нест.

Вале мақомоти маҳаллӣ дар деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб мегӯянд, тағийр дар ҳаёти лӯлиён мушоҳида мешавад. Барои мисол, ба гуфтаи онҳо, имсол беш аз даҳ наврас аз қавми лӯлӣ ба мактаби деҳаи Чағатай мераванд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта бештар будааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Тоҷикистон қабули барномаи махсус барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии лӯлиёнро зарур намешуморад ва аз ҳукумат хост, ин мавқеашро бознигарӣ кунад. Кумитаи маҳви табъизи нажодии ин созмон хостааст, Тоҷикистон шароит фароҳам оварад, ки духтарони ҷӯгӣ ба таҳсили муносиб дастрасӣ дошта бошанд ва аз мактаб берун намонанд. Гузашта аз ин имкон фароҳам оварад, ки онҳо дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон моҳи июли имсол дар як нишасти хабарӣ гуфт, санҷиши муассисаҳои таълимие, ки лӯлиён дар онҷо таҳсил мекунанд, нишон додааст, "шароити таҳсил фароҳам аст". Ӯ гуфт, аз нимаи дуюми имсол онҳо дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Лахш барномаи бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ақалиятҳои миллиро шуруъ мекунанд.

Бар асоси омори расмӣ ҳоло дар мактабҳои кишвар 1329 лӯлӣ таҳсил мекунанд.

Ҳазорҳо намояндаи қавми лӯлӣ дар Панҷакенту Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд. Ба қавли таърихнигорон, лӯлиён панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд, вале касби худ, яъне талбандагиро тарк накардаанд.

XS
SM
MD
LG