Ссылки доступа

Шаҳрдори Андиҷон аз мақом барканор шуд


Бино ба иттилои манобеъ, раиси шаҳри Андиҷони Ӯзбекиситон Дилмурод Раҳматуллоев аз мақом барканор шудааст. Раҳматуллоев пештар барои дашноми раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ҷарима шуда буд.

Як блогер аз шаҳри Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Раҳматуллоев 24 август аз мақом барканор шуда, қарор аст, имрӯз 26 август дар як ҷаласа барканории Раҳматуллоев эълом ва шаҳрдори нави Андиҷон муаррифӣ шавад.

Сомонаи Kun.uz низ дар ин бора бо истинод ба манбаи худ хабар додааст. Манобеъ дар ҳоли ҳозир сабаби барканории Раматуллоевро намегӯянд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2017 хабар дода буд, ки шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев барои суханҳои қабеҳ гуфтан ба мудирони коллеҷу литсейҳои маҳаллӣ 30 нишондиҳанда, баробар ба 650 доллари ИМА ҷарима карда шуд.

Шаҳрдори Андиҷон дар як ҷаласае, ки 16 октябри соли 2017 сурат гирифт, мудирони муассисаҳои таълимиро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳро дашном дод. "Ҳайвонҳо", "шағолҳо", "харҳо", "лаънат бар падаратон" - гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.

XS
SM
MD
LG