Ссылки доступа

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Дар Чеченистон калонтарин масҷиди Аврупо сохта шуд (видеои Настоящее время)

- Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст. Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс (видео)

- “Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд? Раҳбари театри мазҳакавии “Ханда-ханда” дар Исроил Хай Давидов дар бораи таъсиси театр, ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ва намоишномаҳои ҳунарии худ нақл кард. Хай Давидов ҳаҷвнигори 40-сола дар Исроил ба дунё омадааст (видео)

- Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд. Ҳукумат пешниҳоди муҷозоти мардони ба истилоҳ "сабукпо"-ро дар Тоҷикистон, ки ду сол пеш таҳия шуда буд, напазируфтааст. Мақомот сабаби чунин тасмими худро шарҳ намедиҳанд (видео)

- Мутахассис: "Чӣ гуна вебсайтро дастнорас мекунанд". Мутахассисон тасдиқ карданд, ки дар нишонии DNS-и вебсайтҳои хабаргузории “Азия-Плюс” хато рафтааст ё он қасдан тағйир дода шудааст. Маҳз ин чиз боис шудааст, ки сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” аз кор монад (видео)

- Осиё: ҳабсҳои нав дар Қирғизистон. Як тани дигарро дар Қирғизистон ҳабс карданд. Ин бор - вакили мудофеи муовини пешини вазири корҳои дохилии он кишварро боздошту ҳабс карданд. Дар рӯйхати зиндониёни сиёсии Қазоқистон 8 тани дигар шомил шуд (видео)

- Занҳои воқеӣ футбол мебозанд: мусобиқаи ғайриоддӣ дар Кок-Тош(видеои Настоящее время)

- Чанд шаҳрванди Қазоқистон барои кор ба Русия меравад? (инфографика)

- «Падар, ман туро ёд кардам. Зудтар баргард». Дар Қирғизистон насли зиндаятиме ба воя мерасад. Бекорӣ шаҳрвандони Қирғизистонро маҷбур мекунад, ки фарзандонро тарк карда, ба хориҷ корҷӯӣ раванд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG