Се нафари гумонбарон ба қатли Ерлан Нургалиев ва боқӣ ба шикори ғайриқонуниву маҳви ҳайвонҳои нодир айбдор мешаванд. Гумонбарон айбҳои эъломшуда, аз ҷумла кушторро рад мекунанд.
Ҷангалбонони Қазоқистон ибтидои моҳи январи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда шикори сайгаҳоро ошкор карданд. Ҷангалбонон Ерлан Нургалиев ва Петр Нитск аз сӯи қочоқчиён мавриди латтукӯби шадид қарор гирифтанд. Нургалиев дар натиҷаи бардоштани захми вазнин 15 январ дар бемористон даргузашт.
Ҳамлаи хунин ба ҷангалбонон дар ҷомеаи Қазоқистон баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда, фаъолони маданӣ афзоиши салоҳиятҳои нозирони ҷангал ва ҳайвонҳоро дар ин кишвар талаб карданд.