Аз таъсиси эътилоф Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон (ҲУСДҚ), гуруҳи "Ислоҳоти ВКД", "Маъданҳо ба мардум тааллуқ доранд" ва Иттиҳоди нозирони мустақил ҷонибдорӣ карданд.
"Эътилоф ин як иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои тағйирот дар ҷомеа аст. Барои тағйирот роҳҳои классикии кор мавҷуд ҳастанд. Албатта, ин ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби фаъолон аз миёни ҷомеаи маданӣ аст. Ҳамчун раиси ҲСДҚ аз номи ҳизб тамоми шаҳрвандонро даъват мекунам, ки дар интихоботи порлумонии оянда иштирок кунанд", - гуфт раиси ҲУСДҚ Ёрмурод Бапӣ дар нишаст.
Интихоботи порлумонии навбатии Қазоқистон қарор аст, соли 2021 баргузор шавад. Вале нозирон мегӯянд, эҳтимол аст, он пеш аз муҳлати муайянкардаи қонун баргузор шавад.