Саидикром Ниёзхоҷаев, сафири Ӯзбекистон дар Қазоқистон гуфт, ки консулгарии Актау яке аз муҳимтарин намояндагиҳои дипломатии Тошканд хоҳад буд.
"Актау дарвозаи баҳрии Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Интиқоли мол тавассути баҳр аз ҳамин шаҳр мегузарад ва ин масири наздикест барои молҳои Ӯзбекистон, ки тавассути Қазоқистон метавон, ба кишварҳои дигар интиқол дод", - афзуд сафир.
Дар солҳои охир Ӯзбекистон дар чанд шаҳри Русия консулгарӣ таъсис дод. Аз ҷумла дар шаҳрҳои Новосибирск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Владивосток, Ростов-на-Дону ва Қазон консулгариҳои Ӯзбекистон кушода шуд.