Ссылки доступа

Толибон масъулияти таркиш дар шарқи Кобулро ба зима гирифтанд


Масъулияти таркиши шоми душанберо дар шарқи Кобул толибон ба зима гирифтанд. Дар ин таркиш панҷ кас кушта, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Хабаргузории Reuters менависад, таркиш замоне рух дод, ки як дипломати баландмақоми амрикоӣ барои шинос кардани президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо матни созишномаи сулҳ, ба Кобул омада буд.

Тарҳи созишнома аз ҷумла хориҷсозии панҷ ҳазор низомии амрикоиро аз Афғонистон пешбинӣ мекунад. Дар ивази ин толибон уҳдадор мешаванд, ки ҳудуди Афғонистонро барои омодашавии ҳамла ба ИМА истифода накунанд.

Таркиши рӯзи душанбе дар минтақае рух дод, ки бештари намояндагони созмонҳои байналхалқӣ онҷо ҷойгир ҳастанд.

Намояндаи толибон гуфт, таркиш дар минтақае амалӣ шуд, ки ходимони хориҷӣ онҷо истиқомат мекунанд. Баъди таркиши мошини минкоришуда бо истифода аз силоҳ амалиёти низомӣ сурат гирифт.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар ин таркиш панҷ кас кушта, 50 тани дигар маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG