Ссылки доступа

Дар марги се кӯдаки Бӯрихонов кӣ гунаҳкор аст? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд". Ҷавонзани 25-сола, сокини ноҳияи Вахш, аз додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ки шиканҷагарони ӯро муҷозот кунанд. Ин модари ду фарзанд дар номаи шикоятиаш иддао дорад, ки дар шӯъбаи милисаи ноҳия шиканҷа ва таҷовуз шудааст. Иддаое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Вахш беасос медонанд. (видео)

- Ҳукумати муваққат: мо зарфияти танқид кардани президентро дорем. Аъзои Ҳукумати муваққати Қирғизистон пеш аз мулоқот бо президенти он кишвар дар боғи "Интимак" ниҳол шинонданд (видео Директ)​

- Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб. Баъд аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мушкили хонандагони чаҳор деҳаи ноҳияи Ваҳдат чанде аз муҳоҷирону соҳибкорон барои сохтмони мактаб ва таъмири пули болои дарё омодагии худро баён карданд (видео)

- Бозгашти мошинҳои маъруф дар СССР ба Душанбе. Даҳҳо навъи мошинҳои қадимии асри гузашта, ки дубора бозсозӣ шудаанд, дар намоишгоҳе дар Душанбе намоиш дода шуданд (видео)

- Дар марги се кӯдаки Бӯрихонов кӣ гунаҳкор аст? Хонаводаи Бӯрихоновҳо дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон қариб як моҳ боз дар азо нишастаанд. Се тифли ин хонавода Нозанини 10-сола, Маҳҷабини 7-сола ва Шаҳриёри 6-сола рӯзи 16-уми августи имсол барои харидани яхмос аз хона берун рафтанд, аммо ба чуқурии кофтаи роҳсозон афтода, ҷон доданд (видео)

- "Ҳеҷ коре накардаанд, ки ба нафъи халқ бошад". Азбаски видеои зиёде гирифтем, дар барномаи имрӯз қисми зиёдро ба худи шумо додем. Баъдан дар бораи он баҳс мекунем, ки оё Тахти Сангин созем ё хиёбони Париж? Ҳамчунин порлумон воқеан як шохаи ҳокимият аст ё тарҳи намоишӣ? (видео)

- Деҳаи "Хористон" кай гулистон мешавад? Сокинони деҳаи Гулистони ноҳияи Фархор аз шароити сахти зиндагӣ шкиоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, беобӣ деҳи онҳоро ба "хористон" табдил додааст ва зироаташон хушк мешавад (видео)

- «Фароз» гуфт, моликияташро мефурӯшад ва барҳам мехӯрад. "Фароз", як ширкати овозадори Тоҷикистон эълон кард, ки ба фаъолияташ хотима мегузорад (видео)

- Дар Қирғизистон барои нигаҳдории истироҳатгоҳҳо маблағ ҷамъ меоранд, аммо онҳоро таъмир намекунанд (видеои Настоящее время)​

- То 20 соли зиндон барои хушунат нисбати кӯдакон. Ташаббуси сахттар кардани ҷазо (видео)

- Чанд кишвари Осиёи Марказӣ аз Чин қарздоранд? (видео Директ)

- Шаҳрдори Бишкек дар бораи тим, роҳҳои нав ва стратегияи рушди шаҳр (видео Директ)

- Кишварҳои дорои сахттари сензура (инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG