Ссылки доступа

Боздошти 39 соҳибкори ӯзбек ҳангоми парвоз аз Тошканд ба Деҳлӣ

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (ХАДӮ) 11 сентябр дар натиҷаи як рейд дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд 39 соҳибкорро аз дохили ҳавопаймо фароварда, бо худ бурданд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, шоми 11 сентябр 15 дақиқа пеш аз парвози ҳавопаймои ширкати "Ӯзбекистон ҳавойулларӣ" кормандони ХАДӮ ворид шуда, аз бархеи мусофирон хостанд, ки ба берун бароянд.

Комилҷон Қаландарови 35-сола, ки ба тиҷорати қисмҳои эҳтиётии мошин машғул аст, мегӯяд, маъмурони хадамот гуфтанд, бар асоси иттилои дарёфтии онҳо, дар ҳавопаймо маводи мухаддир аст. Ҷамъан 39 касро бо худ бурда, дар шуъбаи амнияти фурудгоҳ чанд соат нигоҳ доштанд.

Яке аз ин мусофирон Зулфия Комиловаи 43-сола гуфт, дар шуъбаи амнияти фурудгоҳи Тошканд шиноснома, асъори хориҷӣ, ҷавоҳирот ва телефонҳои мобилии ҳамаро мусодира карданд. "Дари утоқҳоро бо калид маҳкам карда, моро то соати 3 субҳ нигоҳ доштанд. Ҳато иҷозат надоданд, ки ба ҳоҷатхона биравем", - изҳор тошт ӯ.

Соҳибкор Матлуба Эшмирзоеваи 46-сола мегӯяд, субҳи 12 сентябр онҳоро аз шуъбаи амнияти фурудгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатии воқеъ дар кӯчаи Горди шаҳри Тошканд бурда, то нимашаб онҷо нигаҳ доштанд.

Соҳибкороне, ки шоми 11 сентябр аз ҳавопаймои масири Тошканд-Деҳлӣ фароварда шуданд, амали кормандони хадамоти махсуси Ӯзбекистонро ғайриқонунӣ номида, мегӯянд, дар натиҷа ҳар кадоми онҳо ҳазорҳо доллар зарар диданд. Онҳо 16 сентябр аз ин амали маъмурони амниятӣ ба қабулгоҳи президент ва Додситонии кулли Ӯзбекистон шикоят карданд.

Яке аз кормандони фурудгоҳи шаҳри Тошканд тасдиқ кард, ки шоми 11 сентябр ба 39 соҳибкор иҷозат дода нашуд, ба шаҳри Деҳлӣ парвоз кунанд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони амниятӣ хабар ёфтаанд, ки гӯиё тавассути ҳавопаймои масири Тошканд - Деҳлӣ металҳои қиматбаҳо қочоқ мешавад. "Санҷиш то ҳол идома дорад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG