Ин чаҳор нафар дар як хоҷагии чорвопарварӣ кор карда, говеро бо ҳам куштаанд. Ба иттилои телевизиони КТК, дар хоҷагии мазкур ягон ҳолати гирифтор шудани ҳайвонҳо ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта нашудааст ва бинобар ин, дар он минтақа карантин эълом накарданд.
Муовини раҳбари Департаменти назорати сифат ва бехатарии маҳсулоту хидматрасонӣ дар вилояти Ҷамбил Газиз Надуев гуфт, чаҳор нафари мазкур дар ҳоли ҳозир табобат мегиранд ва ба ҷони онҳо чизе таҳдид намекунад. 44 тани дигар - наздикон, ҳамкорон ва табибони бойторие, ки бо ин чаҳор нафар робита доранд, таҳти назоратанд.
Бино ба иттилои расмӣ, тайи ду даҳсолаи ахир дар Қазоқистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳамасола ба қайд гирифта шудааст.