Чаҳор ҷавони тундгарои аз 17 то 20-сола барои истироҳат ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Мошини онҳо аз кор монд ва ду тан аз онҳо хостанд, ба сайри шаҳр бароянд. Дар хиёбони Среднеохтини шаҳр онҳо бо зодаи Ӯзбекистон баҳсу ҷанҷол ва бо корд ба ӯ ҳамла кардаанд.
Пулис мегӯяд, дар дасту бозуи ҷавонон рамзҳои Рейхи Севум ва СС ҳаккокӣ шудааст. Ҷавонон боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.