Ссылки доступа

Кай Душанбе шаҳри дучархаронҳо хоҳад шуд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: боздоштҳо дар Қазоқистон. Рӯзи шанбе дар ҷараёни эътирозҳои зиддиичинӣ дар Қазоқистон беш аз сад кас боздошт шуданд, ки дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд. Тоқаев ба Ню-Йорк рафта, ба сармоягузорӣ дар Қазоқистон даъват дорад.​ (видеои Настоящее время)

- Рад шудани дархости паноҳҷӯёни тоҷик. Муҳаммадҷон Кабиров, мудири иҷроияи созмони Евразиан Диалог дар бораи тақозои паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон суҳбат кард (видео)

- Кай Душанбе шаҳри дучархаронҳо хоҳад шуд? (видео)

- Биноҳои наву зебои Душанбе, вале бо мушкилот. Дар Душанбе биноҳои баландошёна ҷои хонаҳои кӯҳнаро мегиранд. Баъзе аз сокинон аз тағйир ёфтани симои пойтахт ситоиш мекунанд, вале бархеи дигар мегӯянд, ки сифати хонаҳои сохташуда бад асту тармим мехоҳад (видео)

- Додраси собиқро бо иттиҳоми сӯистифодаи духтари хурдсол муҳокима мекунанд. Додгоҳе дар Душанбе як додраси пешинро бар асоси парвандаи бадахлоқӣ нисбат ба кӯдак баррасӣ мекунад. Наздикони ин марди бознишаста иттиҳомро пурра рад мекунанд (видео)

- Писараш мегӯяд, Маҳмадалӣ Ҳаитро азоб медиҳанд. Мақомот рад мекунанд. Фирӯзи Маҳмадалӣ, писари Маҳмадалӣ Ҳаит, узви зиндонии раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ мегӯяд, бо падараш дар зиндон бадрафторӣ мекунанд. Аммо додситонии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иддаоҳо асосе надоранд ва касе бо Маҳмадалӣ Ҳаит бадрафторӣ ва ё ӯро шиканҷа накардааст (видео)

- Ҳуқуқи озодӣ ба ҷамъомадҳо дар Қазоқистон: изҳорот ва воқеият (видео)​

- Мухолиф Мухтор Аблязов дар бораи боздошту эътирозҳои Қазоқистон (видео аз Директ)

- Дар Самарқанд омӯзгор хонандаи синфи 3-умро сахт латтукӯб кард. (видео)

- "Гоҳе бо як курта тамоми сол ба мактаб мерафтам". Ду мушкили сахти кӯдакони тоҷик. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ нобаробарии иҷтимоӣ ва муҳоҷиратро мушкили сахти кӯдакон дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон тасвир кардааст (видео)

- ​Модари сарбози фавтида мехоҳад, ҷузъиёти марги фарзандашро бифаҳмад. Мунисахон Тағоева як моҳ аст, ки барои фаҳмидани омилони марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод (видео)

- Мансабдорони завлона ба дасти туркман ба воситаи ТВ дар бораи фасодкории худ мегӯянд. (видео аз Директ)

- Мақомоти Тоҷикистон: мухолиф Ҳайитро дар зиндон касе шиканҷа намекунад. (видео аз Директ)

- Боздоштҳои 21 сентбяр дар Қазоқистон. Дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент рӯзи 21 сентбяр даҳҳо одамро боздошт карданд (нигористон)

- Зан талош дорад, духтарашро аз дасти пулиси Қазоқистон раҳо кунад (видеои Настоящее время)​

- Шабгузаронӣ дар зинаҳо ва вуруд ба кохи президент. Дар Қазоқистон модарони серфарзанд гирдиҳамоӣ доранд (видеои Настоящее время)

- Чаро дар Қирғизистон на ҳама аз Бозиҳои кӯчиҳо хушҳоланд (видео аз Директ)

- Мансабдорони туркман бо дастони завлонабаста дар бораи ҷинояткориҳояшон суҳбат карданд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG