Ссылки доступа

Бобоёров: Варшава майдони муносиб барои муколамаи тоҷикон набуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: додгоҳи норозиён. Яке аз иштирокдорони эътирозҳои зиддичинии Қазоқистонро аз боздоштгоҳ ба додгоҳ бурданд. Вазъи муҳоҷиронии кории Осиёи Марказӣ дар маркази ихроҷи Сувсиг. (видеои Настоящее время)

- "Шумо духтарро барои ҳамхобагӣ бо мард зоида тарбия кардаед?". Ҷазо ба марде барои худкушии занаш, намозгузории муҳоҷирон дар зери жола, мошинҳои бадбӯй дар Душанбе, ҳаёҳу дар атрофи номи футболбозони тоҷик. Баҳсҳои имрӯза дар ОЗОДӢ ОНЛАЙН (видео)

- Истиқболи гарм аз футболбозони навраси тоҷик. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Даҳҳо ҳаводори футбол соати дувуними шаб ба фурудгоҳи Душанбе барои пешвози футболбозони наврас омаданд (видео)

- Бобоёров: Варшава майдони муносиб барои муколамаи тоҷикон набуд. Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик, гуфт, нишасти имсолаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава майдони хубе барои муколамаи намояндагони давлати Тоҷикистон ва гуруҳҳои мухолифин набудааст. Нишаст рӯзи 17-уми сентябр оғоз шуда, 27-уми сентябр ба поён мерасад (видео)

- Баҳои мақомот ва мухолифин ба нишасти имсолаи Варшава. Дар шаҳри Варшава машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то ду рӯзи дигар хотима меёбад. Дар ин нишаст дар шаҳри Варшава як ҳайати бузурги давлати Тоҷикистон ва ҳам аъзову тарафдорони мухолифон ҳузур доранд (видео)

- Рад шудани дархости паноҳҷӯёни тоҷик. Муҳаммадҷон Кабиров, мудири иҷроияи созмони Евразиан Диалог дар бораи тақозои паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон суҳбат кард (видео)

- Кай Душанбе шаҳри дучархаронҳо хоҳад шуд? (видео)

- Ҳуқуқи озодӣ ба ҷамъомадҳо дар Қазоқистон: изҳорот ва воқеият (видео)​

- Мансабдорони завлона ба дасти туркман ба воситаи ТВ дар бораи фасодкории худ мегӯянд. (видео аз Директ)

- Мақомоти Тоҷикистон: мухолиф Ҳайитро дар зиндон касе шиканҷа намекунад. (видео аз Директ)

- Боздоштҳои 21 сентбяр дар Қазоқистон. Дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент рӯзи 21 сентбяр даҳҳо одамро боздошт карданд (нигористон)

- Зан талош дорад, духтарашро аз дасти пулиси Қазоқистон раҳо кунад (видеои Настоящее время)​

- Шабгузаронӣ дар зинаҳо ва вуруд ба кохи президент. Дар Қазоқистон модарони серфарзанд гирдиҳамоӣ доранд (видеои Настоящее время)

- Чаро дар Қирғизистон на ҳама аз Бозиҳои кӯчиҳо хушҳоланд (видео аз Директ)

- Мансабдорони туркман бо дастони завлонабаста дар бораи ҷинояткориҳояшон суҳбат карданд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG