"Дар сурати ошкор шудани айби милисаҳо, онҳо аз мақомоти милиса ронда ва дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба ҷуз ин, роҳбарони бевоситаи онҳо низ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд", - гуфт Татяна Петрова, масъули маркази матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Москва.
Шаби 20 сентябр дар шаҳри Балаших Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов ҳамроҳ бо дӯстони дигарашон ба меҳмонии муҳоҷири қирғизистонӣ Элёрбек Умаров омаданд. Баъди чанде се марди рус бо либоси мулкӣ вориди манзили иҷораи онҳо шуданд ва ба лутту кӯб шуруъ карданд. Мардони воридшуда худро корманди милиса муаррифӣ ва маблағ талаб карданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, латту кӯб наздики 2 соат давом кард. Илҳом бо Дилшодбек маҷбур шуданд, аз ошёнаи дувум ба замин паранд.
Муҳоҷирони ӯзбек як муддат дар ҳолате беҳушӣ қарор доштанд. Муҳоҷирони тоҷик онҳоро диданд ва ёрии таъҷилиро даъват карданд. Се корманди пулис мунтазири рафтани мошини ёрии таъҷилӣ шуда ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор карданд.
Муҳоҷирони ӯзбек бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.