"Ин хабар асос надорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Ахиран дар паёмакрасонҳо хабар дода шуд, ки аз 1 октябри соли равон барои ҳар як кӯдак 11 ҳазор танга дода мешавад.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар "асоси усули шаффофият, адолат ва ҳавасмандсозӣ ба кор" механизмҳои нави ироаи кумакҳои иҷтимоиро коркард дорад.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёмаш ба мардуми ин кишвар дар бораи ислоҳи механизми ҷудо кардани кумаки иҷтимоӣ ба сокинони камбизоат суҳбат карда буд. Бар пояи омори расмӣ, тайи 5 соли охир шумори дарёфткунандагони кумаки иҷтимоӣ барои камбизоатӣ аз 77 ҳазор то ба 1,8 миллион кас расидааст.