Ба гуфтаи шоҳидон, муовини мудир мӯи сари беш аз 20 хонандаро барои он тарошид, ки бо мӯи сари баланд ба мактаб омада буданд.
Хонандагон аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва аз иҷборан тарошида шудани мӯйҳояшон хабар доданд.
Мақомоти маорифи ноҳияи Ургут иттилоъ дод, ки "барои иҷро накардани дастурҳо ва хунукназарӣ нисбати муовини мудири мактаби мазкур Ш.Очилов танбеҳ эълом шуд".