Ссылки доступа

Зани дар бемористони Тошканд фавтидаро бе ташхиси тиббӣ ба хок супурданд


Рӯзи 24 августи соли ҷорӣ дар клиникаи шахсии ҷарроҳии плостикии Mont Blanc дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Гулшан Шарифоваи 24-сола фавтид.

Гулшан дувумин мизоҷи клиникаи мазкур аст, ки дар чанд муддати охир мефавтанд. Аммо касе аз масъулон ё табибони ин клиника ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудааст.

Гулшан Шарифова мехост, дар клиникаи Тошканд ҷарроҳии пластикӣ анҷом диҳад.

"Табибон гуфтанд, ки ҷарроҳии Гулшан сабук аст ва 20 дақиқа вақт мегирад. Аммо 20 дақиқа ҳам нагузашта, ба ман гуфтанд, ки духтаратон ба кома рафтааст", - нақл кард Умед Абдушукуров, падари Гулшан.

Умед Абдушукуров мегӯяд, чанд рӯз пеш аз марги духтари вай, дар клиникаи ҷарроҳии пластикӣ як муштарии дигар - зани 42-сола вафот кардааст.

Гулшан Шарифова дар соли севуми Донишкадаи молии Тошканд таҳсил мекард.

XS
SM
MD
LG