Ссылки доступа

Ҳимояти вакили тоҷик аз хонаводаи Ҳувайдо Тилозода дар додгоҳи Русия


Мать Хувайды у гроба с телом дочери. Архивное фото

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тилозода, духтари панҷсолаи тоҷик, ки соли гузашта дар Серпухово кушта шуд, вакили нави мудофеъ киро кардааст.

Пештар фаъолони ҷамъиятӣ аз намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия интиқод карда буданд, ки дифоъ аз ҳуқуқи волидони духтари кушташударо ҷиддӣ намегиранд.​

Хонаводаи Абдусалом Саидов пас аз боздошти Дагир Хасавов, ҳимоятгари онҳо дар додгоҳ адвокат надошт. Ин вакили шинохта рӯзи 17-уми сентябри имсол бо иттиҳоми "монеъ шудан ба татбиқи адолати додгоҳӣ ва додани шаҳодати дурӯғ" дастгир шуд. Хасавов дар баробари ҳимоя аз ҳуқуқи падари Ҳувайдо вакили дифои собиқ раҳбари ҳукумати Доғистон Абдусамад Ҳомидов ва муовини ӯ Раюдин Юсуфов буд. Ӯро дар доираи ҳамин парванда боздошт карданд. Худи ӯ иттиҳомро беасос дониста, боздоштро дорои ангезаҳои сиёсӣ унвон мекунад.

Баъди боздошти вакили дифои пешинааш, Абдусалом Саидов нигарон буд, ки эҳтимол ӯро бо баҳонаҳои гуногун ба мурофиа роҳ надиҳанд. Чун наздикони марди муттаҳам дар қатли духтари тоҷик иддао карда буданд, ки Саидов падари биологии Ҳувайдо нест ва ӯ ба толори додгоҳ роҳ дода нашавад.

"Ҷониби ҷавобгар чанд адвокат дорад ва талош мекунад, ки гумонбарро бемори равонӣ нишон дода, ҳукмашро сабуктар кунанд. Ба ҳимоят сахт ниёз дорам. Ҳоло дилам пур шуд, ки боз адвокат пайдо кардам", -- гуфт ӯ.

Шавкат Умаров, вакили мудофеи тоҷик, ки панҷ сол боз дар Русия ба ҳайси адвокат кор мекунад, рӯзи 30-юми сентябр аз ҳуқуқи Абдусалом Саидов дар додгоҳ ҳимоят кардааст. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тилозода, рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бе ҳузури адвокат ҳимояи ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ мушкил буд. Ӯ гуфт, бо талаби адвокати нав Александр Сёмин, ки додгоҳ ӯро барои қатли Ҳувайдо муҳокима мекунад, дар додгоҳ ҳузур пайдо кард.

Рӯзи 1-уми октябр дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “мо адвокатеро интихоб кардем, ки тоҷик бошад ва қонунҳои Русияро хуб донад. Дар баробари адвокат намояндаҳои сафорат низ дар мурофиа иштирок мекунанд. Мо бо падари Ҳувайдо Тилозода дар тамоси доимӣ ҳастем.”

Пештар чанд вакили дифои тоҷик низ барои ҳимоят аз ҳуқуқи Саидов дар додгоҳ изҳори омодагӣ карда буданд. Ин мард гуфт, қарор аст, як вакили дигари тоҷик, ки дар Русия ба сар мебарад, расман ба ҳимояти ҳуқуқӣ аз ӯ оғоз кунад.

Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз Тоҷикистон рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав пушти дарҳои баста баргузор шуд. Дар мурофиаҳои аввал Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдоро ба додгоҳ наоварданд ва аз номи ӯ вакили дифоъ ва холааш баромад карда буданд.

Дар ҳамин ҳол назари наздикони Александр Сёмин рӯшан нест ва онҳо то ҳоло расман нагуфтаанд, ки бардошташон аз ҷараёни мурофиаҳо чист. Вале онҳо дар гузашта ва дар додгоҳ ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ карда ва озодиашро талаб намудаанд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин гумонбар аст, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

XS
SM
MD
LG