Ссылки доступа

Роҳбари пешини иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ба додгоҳи болоӣ шикоят мебарад


Ерлан Балтабой, роҳбари пешини созмони касабаи "Меҳнати шоиста", ки моҳи июли соли ҷорӣ бо айби "дуздӣ" 7 сол зиндонӣ шуда буд, тасмим дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Балтабой моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи фармони авфи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз зиндон озод шуд.

Балтабой ахиран гуфт, аз фармони авфи президент баъди он даст кашидааст, ки мақомот ба вай иҷозаи озодона фаъолият кардан дар бахши иттифоқи касабаро надоданд.

Мақомот нисбати Ерлан Балтабой дар моҳи сентябри соли 2018 бо моддаи "Аз худ кардан ва ё харҷ кардани амволи ғайр" парвандаи ҷиноӣ кушода буданд.

Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз таъқиби Балтабой изҳори нигаронӣ ва даъват ба қатъи парвандаи ӯро карда буданд. Балтабой таъқиби нисбаташ шуруъшударо "амали рейдерӣ бо ҳадафи маҳви созмонҳои мустақили касаба" унвон карда буд. "Ман бовар дорам, ки парванда нисбати ман бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз шудааст ва ҳадафаш канор задани ман аз фаъолият дар иттифоқи касаба аст", - гуфт Балтабой.

XS
SM
MD
LG