Брайн Бартоломю, намояндаи "Лабораторияи Каспер" гуфт, гуруҳи рахнагари SandCat марбут ба Мақомоти амнияти миллии Ӯзбекистон.
Мутахассисон ошкор карданд, ки нишонии IP яке аз рахнагарон ё ҳаккерҳо дар қисми низомии 02616 дар шаҳри Тошканд сабт шудааст.
Қисми низомии мазкур дар ҷаласаҳои додгоҳии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев зикр гардида буд, ки дар фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ айбдор мешуд. Газета.uz бо такя ба вакили мудофеи рӯзноманигор навишта буд, ки маҳз ҳамин қисми низомӣ муколамҳои электронии рӯзноманигорро дарёфт карда ва дар ихтиёри додгоҳ гузошта буд.