Ссылки доступа

Трамп гуфт, аз амалиёти низомии Туркия дар Сурия ҳимоят намекунад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар шарҳи ихроҷи нерӯҳои кишвараш аз минтақаҳои шимоливу шарқии Сурия гуфт, сарбозони амрикоӣ бояд ба ватан баргарданд.

Ба гуфтаи Трамп, Туркия ва кишварҳои Аврупо дар робита ба тақдири минбаъдаи ҷангиёни боздоштшудаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) бояд худ тасмим бигиранд.

Президенти ИМА ҳамчунин гуфт, агар Туркия коре кунад, ки ба ӯ писанд наояд, иқтисодашро ба ҳам хоҳад зад. "Пештар гуфта будам ва ҳоло боз ҳам мегӯям, агар Туркия коре кунад, ки аз чорчӯба берун бошад, иқтисодашро ба пуррагӣ маҳв хоҳам кард", - изҳор дошт Трамп.

Рақибони Трамп мегӯянд, бурунрафти нерӯҳои Амрико аз шимолу шарқи Сурия ҳампаймонони Вашингтон - нерӯҳои демократии Сурияро зери хатар гузошта, мубориза бо ДИ-ро мушкил мегардонад.

Ба навиштаи "Садои Амрико", сенатори ҷумҳурихоҳ Линдсӣ Грэм, ки одатан аз Трамп ҷонибдорӣ мекунад, тасмими вайро дар робита ба Сурия маҳкум кард. Грэм дар суҳбат бо Fox News гуфт, ин маънои пирӯзии Эрон, артиши президент Башор Асад ва ДИ-ро дорад.

Трамп гуфт, ИМА аз он чизе, ки дигарҳо таваққуъ доштанд кори бештарро анҷом ва хилофати ДИ-ро шикаст дод. Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Чин аз бурунрафти нерӯҳои амрикоӣ аз задухурдҳои Сурия норозӣ ҳастанд. Зеро онҳо мехостанд, Вашингтонро "дар ҷанги беохир ғӯтида" бинанд.

Президентҳои ИМА ва Туркия 6 октябр суҳбати телефониеро анҷом доданд. Трамп пас аз суҳбат гуфт, дар робита ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия аз Раҷаб Эрдуғон ҳимоят намекунад. Трамп гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар он иштирок нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG